Беҳтарин ҳаёти мо ҳанӯз дар пеш аст: ин Замини нав, хонаи абадии мо (Our Best Life Yet to Come: The New Earth, Our Eternal Home)

© Photo: @nasa/unsplash

Тасаввур кунед, ки шумо қисми гурӯҳи NASA ҳастед, ки барои як миссияи панҷсола ба Марс тайёри мебинад. Пас аз як давраи омӯзиши тайёридида, ниҳоят рӯзи парвоз фаро мерасад. Ҳангоми парвози ракета яке аз ҳамастронавтҳои шумо мепурсад: «Шумо дар бораи Марс чӣ медонед?»

Тасаввур кунед, ки китфҳоятонро меҷунбонед ва мегӯед: «Ягон чиз. Мо ҳеҷ гоҳ дар бораи он сӯҳбат накардем. Гумон мекунам, ки вақте ба он ҷо расем, мефаҳмем.» Ин берун аз ақл аст, не? Номумкин аст, ки омӯзиши шумо таҳқиқоти васеъ ва тайёрӣ ба макони охирона, дар бар нагирифта бошад. Аммо дар семинарияҳо, мактабҳои омӯзиши Китоби Муқаддас ва калисоҳо дар саросари ҷаҳон дар бораи макони охиронаи мо — осмонҳои нав ва замини нав — хеле кам таълим дода мешавад. Ба мо мегӯянд, ки чӣ гуна ба биҳишт расем ва он макони беҳтар аз дӯзах аст, аммо дар бораи худи биҳишт хеле кам таълим мегирем.

Оё осмони ҳозира аз осмони абадӣ фарқ мекунанд?

Ҳавори Павлус муҳим донист, ки бидонем, вақте вафот мекунем, чӣ рӯй медиҳад: «Бародарону хоҳарони азиз, мо мехоҳем, ки шумо бидонед, ки бо имондорон, ки мемуранд, чӣ рӯй хоҳад дод» (1 Таслӯникиён 4:13).

Одатан мардум «Осмон»-ро маконе медонанд, ки масеҳиён пас аз марг ба он мераванд. Аммо ин моро аз фаҳмидани фарқиятҳои муҳими Китоби Муқаддас бозмедорад. Таърифи беҳтар мефаҳмонад, ки Осмон макони асосии зисти Худо аст, макони арши Ӯ, аз он ҷо ки Ӯ бар тамоми кайҳон ҳукмронӣ мекунад.

Макони дақиқи осмони ҳозира маълум нест, аммо ба мо гуфта шудааст, ки осмони оянда дар Замини Нав ҷойгир хоҳад шуд, ки дар он Худо барои зиндагӣ бо халқаш поён меояд (Ошкорсозӣ 21:3). Осмони ҳозира макони гузариш байни ҳаётҳои гузаштаи имондорон дар рӯи Замин ва ҳаётҳои эҳёи оянда дар Замини Нав аст.

Ҳаёт дар осмон, ки мо пас аз марг ба он меравем, «бисёр беҳтар» аз зиндагӣ дар ин ҷо, дар рӯи Замин, зери лаънат ва дур аз ҳузури мустақими Худо аст (Филиппиён 1:23). Аммо гарчанде он макони аҷоиб хоҳад буд, осмони ҳозира он маконе нест, ки мо барои он офарида шудаем, маконе, ки Худо ваъда додааст онро аз нав созад, то мо абадан дар он зиндагӣ кунем. Фарзандони Худо барои ҳаёт ҳамчун мавҷудоти эҳёшуда дар Замини эҳёшуда таъин шудаанд.

Дар Китоби Ошкорсозӣ 21:1 гуфта шудааст: «Сипас, осмону замини навро дидам, чунки осмону замини пешина нопадид гардида буданд.» Вақте ки мо тахмини худро, ки осмон дигар мешавад, партофтаем, ҳама чиз маъно пайдо мекунад. Худо тағйирнопазир аст; Ӯ наметавонад тағйир ёбад. Аммо Худо кушода мегӯяд, ки осмон дигар хоҳад шуд. Он дар ниҳоят ба Замини Нав кӯчонида мешавад.

Замини нав чӣ хел ва ҳаёт дар он чӣ гуна хоҳанд буд?

Эфсӯсиён 1:10 мегӯяд, ки нақшаи Худо ин аст, ки «ҳама чизи дар осмону дар замин бударо дар ихтиёри Масеҳ гузорад». Ҳамин тавр, ки Худо ва инсон дар Исо то абад муттаҳид хоҳанд шуд, осмон ва замин низ дар олами нави ҷисмонӣ то абад муттаҳид хоҳанд шуд, ки дар он ҷо мо ҳамчун одамони эҳёшуда зиндагӣ хоҳем кард.

Худо дар Замини Нав бо мо зиндагӣ хоҳад кард. Ин ҳама чизро дар осмон ва рӯи замин якҷоя мекунад. «Аз ҷониби тахт овози баландеро шунидам: «Бубин! Ин хаймаи Худо дар байни одамон аст. Ӯ бо онҳо зиндагӣ мекунад ва онҳо халқи Ӯ хоҳанд буд. Худи Худо бо онҳо ва Худои онҳо хоҳад буд» (Ошкорсозӣ 21:3). Мо бо Парвардигори мо Исо, манбаи тамоми шодмонӣ ва хушбахтӣ, зиндагӣ хоҳем кард, ҳукмронӣ хоҳем кард ва хизмат хоҳем кард.

Зиндагӣ бо ҷисмҳои эҳёшуда дар Замини эҳёшуда, дар байни дӯстони эҳёшуда ва баҳравар шудан аз як фарҳанги эҳёгашта дар канори Исои эҳёшуда — ана инро як ҷашни ҳақиқиву беохир гуфтан мумкин аст! Дар он ҷо ҳар як инсон маҳз ҳамон гунае хоҳад буд, ки Худо ӯро офаридааст — ва ҳеҷ кадоме аз мо дигар ҳаргиз азоб нахоҳад кашид ва нахоҳад мурд.

Одамзод барои зиндагӣ кардан дар рӯи Замин ба ҷалол додани Худо офарида шудааст. Ин ҳамонест, ки таҷассум, марг ва эҳёи Масеҳро таъмин кард — инсонияти навшударо дар рӯи Замини навшуда.

Як фаҳмиши нодурусти машҳур дар бораи Биҳишти абадӣ ин аст, ки гӯё он ҷо барои мо ношинос ва аҷиб хоҳад буд. Вале ин фикр аз ҳақиқат тамоман дур аст. Вақте ки мо мешунавем, ки дар Биҳишт соҳиби ҷисмҳои нав мешавем ва дар Замини Нав зиндагӣ мекунем, мо бояд калимаи “нав” — ро маҳз ҳамин тавр дарк кунем: он як нусхаи барқароршуда ва мукаммалшудаи ҳамон ҷисмҳои шинос, ҳамон Замини шинос ва ҳамон муносибатҳои шиноси худи мо хоҳад буд.

Орзуи хонаи абадии мо ҳоло ба мо чӣ гуна таъсир мерасонад?

Пас аз он ки гуфт: «мо интизори осмони нав ва замини нав, макони адолат ҳастем», Петрус фавран илова мекунад: «Барои ҳамин, азизон, ҳангоме ки мунтазири Ӯ ҳастед, кӯшиш кунед, ки дар назари Худо зиндагии оромона ва беайбу бенуқсон дошта бошед» (2 Петрус 3:13-14).

Донистани он ки мо ҳамчун одамони эҳёшуда дар Замини Нав абад зиндагӣ хоҳем кард, ба мо ёрдам мекунад, ки фаҳмем, ки интихоби имрӯзамон, аз ҷумла интихоби покизагии шахсӣ ва муносибатамон бо дигарон, дар абадият изи худро мегузорад. Худо тамошо дорад. Ӯ ҳама чизро қайд мекунад. Исо гуфт, ки дар осмон Ӯ моро барои амалҳои вафодорӣ ба Ӯ, ҳатто барои ҳар пиёла оби сард, ки мо ба номи Ӯ ба мӯҳтоҷон додаем, мукофот хоҳад дод (нигаред Марқ 9:41).

Ҳаёт дар рӯи Замин муҳим аст, на аз он сабаб ки он ягона ҳаёт аст, балки маҳз аз он сабаб ки ин тавр нест — ин саршавии ҳаётест, ки дар рӯи Замини барқароршуда беохир давом хоҳад ёфт. Он чи Худо дар бораи ояндаи мо мегӯяд, ба мо имкон медиҳад, ки гузаштаамонро фаҳмем ва дар ҳозираш ба Ӯ хизмат кунем.

Оё шумо дастаеро машқ медиҳед, ҷавононро роҳнамоӣ мекунед, алафи назди хонаи беваро мебуред, барои ҳимояи кӯдакони ҳанӯз таваллуднашуда меистед, барои сулҳи байни миллатҳо кор мекунед, ба сафарҳои кӯтоҳмуддати миссионерӣ меравед ё қисми зиёди даромадатонро ба миссияҳо ё корҳои дохили шаҳр мебахшед — агар ин ҳамаро бо қудрати Масеҳ анҷом диҳед, шумо пешакӣ таъми Замини Нави ояндаро ба ин Замини ҳозира, ки азоб мекашад, меоред.

Мо набояд ҳақиқати аҷоибро фаромӯш кунем, ки мо шаҳрвандони ду подшоҳӣ ҳастем, ки як рӯз ба як подшоҳӣ муттаҳид хоҳанд шуд — осмони нав ва замини нав, ҷудонашаванда ва таҳти ҳукмронии абадии Масеҳ. Дар он замин мо бо қаноатмандӣ ва шукргузорӣ ба он дигаргуние, ки бо файзи Худо дар ин замин овардаем, назар хоҳем афканд.

Диди имрӯзаи мо аз воқеият сарчашма мегирад, ки эҳё интизори фарзандони Худо аст. Ин маъно дорад, ки мо ҳеҷ гоҳ аз авҷи худ намегузарем. Беҳтарин ҳанӯз дар пеш аст! Ба рӯйхати корҳои анҷомнопазир ниёз нест, зеро саргузаштҳое, ки дар осмонҳои нав ва рӯи замини нав интизори мо ҳастанд, аз ҳаяҷонбахштарин лаҳзаҳои ин зиндагӣ хеле болотаранд. Ҳамин вақт, ки мо фикр мекунем «аз ин беҳтар намешавад» …он гоҳ боз беҳтар мешавад.

 

Our Best Life Yet to Come: The New Earth, Our Eternal Home

Imagine you’re part of a NASA team preparing for a five-year mission to Mars. After a period of extensive training, the launch date finally arrives. As the rocket lifts off, one of your fellow astronauts asks, “What do you know about Mars?”

Envision shrugging your shoulders and saying, “Nothing. We never talked about it. I guess we’ll find out when we get there.” It’s unthinkable, isn’t it? It’s inconceivable that your training wouldn’t have included extensive study of and preparation for your ultimate destination. Yet in seminaries, Bible schools, and churches around the world, there's very little teaching about our ultimate destination: the New Heavens and New Earth. We’re told how to get to Heaven, and that it’s a better destination than Hell, but we’re taught remarkably little about Heaven itself.

Are the Present Heaven and the Eternal Heaven Different?

The apostle Paul considered it vital for us to know what happens when we die: “Dear brothers and sisters, we want you to know what will happen to the believers who have died” (1 Thessalonians 4:13, NLT).

People usually think of “Heaven” as the place Christians go when they die. But this keeps us from understanding important biblical distinctions. A better definition explains that Heaven is God’s central dwelling place, the location of his throne from where he rules the universe.

The exact location of the present Heaven is unknown, but we’re told the future Heaven will be located on the New Earth, where God will come down to live with his people (Revelation 21:3). The present Heaven is a place of transition between believers’ past lives on Earth and future resurrection lives on the New Earth.

Life in the Heaven we go to when we die is “far better” than living here on Earth under the Curse, away from the direct presence of God (Philippians 1:23). But although it will be a wonderful place, the present Heaven is not the place we’re made for, the place God promises to refashion for us to live in forever. God’s children are destined for life as resurrected beings on a resurrected Earth.

Revelation 21:1 says, “Then I saw a new heaven and a new earth, for the old heaven and the old earth had disappeared.” Once we abandon our assumption that Heaven cannot change, it all makes sense. God doesn’t change; he’s immutable. But God clearly says that Heaven will change. It will eventually be relocated to the New Earth.

What Will the New Earth and Life There Be Like?

Ephesians 1:10 says that God’s plan is “to unite all things in him, things in heaven and things on earth.” Just as God and man will be forever united in Jesus, so Heaven and Earth will forever be united in the new physical universe, where we’ll live as resurrected people.

God will live with us on the New Earth. That will bring all things in Heaven and on Earth together. “And I heard a loud voice from the throne saying, ‘Behold, the dwelling place of God is with man. He will dwell with them, and they will be his people, and God himself will be with them as their God’” (Revelation 21:3). We’ll live and rule and serve with our Lord Jesus, the source of all joy and happiness.

To be in resurrected bodies on a resurrected Earth in resurrected friendships, enjoying a resurrected culture with the resurrected Jesus—now that will be the ultimate party! Everybody will be who God made them to be—and none of us will ever suffer or die again.

Mankind was designed to live on the Earth to God’s glory. That’s exactly what Christ’s incarnation, death and resurrection secured—a renewed humanity upon a renewed Earth.

A common misunderstanding about the eternal Heaven is that it will be unfamiliar. But that couldn’t be further from the truth. When we hear that in Heaven we’ll have new bodies and live on a New Earth, this is how we should understand the word new—a restored and perfected version of our familiar bodies and our familiar Earth and our familiar relationships.

How Does Longing for Our Eternal Home Affect Us Now?

After saying “we are looking forward to a New Heaven and a New Earth, the home of righteousness,” Peter immediately adds, “So then, dear friends, since you are looking forward to this, make every effort to be found spotless, blameless and at peace with him” (2 Pet. 3:13-14).

Knowing we’ll live forever as resurrected people on a New Earth helps us realize that the choices we make today, including choices of personal holiness—and how we act toward others—will make an indelible mark on eternity. God is watching. He’s keeping track. Jesus said that in Heaven He’ll reward us for acts of faithfulness to Him, right down to every cup of cold water we’ve given to the needy in His name (see Mark 9:41).

Life on Earth matters, not because it’s the only life we have, but precisely because it isn’t—it’s the beginning of a life that will continue without end on a renewed Earth. What God says about our future enables us to interpret our past and serve Him in our present.

Whether it’s coaching a team, mentoring young people, mowing a widow’s lawn, standing up for unborn children, working for racial reconciliation, going on short-term missions trips, or giving a large portion of your income to missions or inner-city work—If you’re doing it through Christ’s power you’re bringing a foretaste of the coming New Earth to this current, hurting Earth.

We shouldn’t forget the compelling reality that we’re citizens of two realms, which will one day be consolidated into one—a New Heaven and a New Earth, indivisible and under the eternal rule of Christ. On that Earth, we’ll look back with satisfaction and gratitude at the difference, by God’s grace, we were able to make on this Earth.

Our perspective today is informed by the reality that resurrection awaits God’s children. This means we’ll never pass our peaks. The best is yet to come! No need for bucket lists, because the adventures awaiting us in the New Heavens and on the New Earth will far exceed the greatest thrills of this life. Right when we think “it can’t get any better than this”…it will.

For more answers to questions about eternity, see Randy’s book Everything You Always Wanted to Know About Heaven as well as his comprehensive book Heaven and devotional 50 Days of Heaven.  

 

 

Randy Alcorn (@randyalcorn) is the author of over sixty books and the founder and director of Eternal Perspective Ministries